Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми солонааш ба Маҷлиси Олии кишвар гуфт, ҷалби донишҷӯёну мактабиён ба чиниши пахта "бояд манъ шавад".

Тирамоҳи ҳар сол бо иҷозаи мақомоти маорифи Тоҷикистон ҳазорҳо донишҷӯён ба чиниши ҳосил ба майдонҳо мераванд ва ин маърака гоҳо моҳҳо тӯл кашида ва ин ҷавонҳоро аз барномаи таълимӣ дур мекунад. Дар бархе манотиқ ба майдонҳо шогирдони мактабҳои миёнаро низ ҷалб мекунанд, ки зери офтоби сӯзон бо пахтачинӣ машғул мешаванд. Аз ин барнома фаъолони ҳуқуқи башар ва донишҷӯён ҳар сол шикояти зиёд мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина рӯзи 15-уми апрел гуфт: "Мо чаро худамон бо дасти худамон ба сари наврасон, ҷавонон, кӯдакон зулм кунем? Дар шаҳру ноҳияҳое, ки қувваи корӣ намерасад, ҳамон қадар пахта кишт кунед, ки ҷамъоварӣ карда метавонед. Минбаъд ба соҳаи пахтакорӣ барои ҷамъоварии пахта ҷалби донишҷӯ, талаба ва дигарон манъ карда мешавад".

Яке аз нукоти дигаре, ки дар сӯҳбаташ президенти Тоҷикистон ба он таъкид кард, ин масъалаи таҳсил, сатҳи дониш ва камбуди мактабу мутахассисони ин ришта буд. Вай аз "маориф ҳамчун соҳаи сарнавиштсози ҷомеа дар низоми сиёсати иҷтимоии давлат" ёд карда гуфт, ки дар 18 соли охир дар кишвар шумори мактабу муассисаҳои вижаи таълимӣ барои атфоли болаёқат ба маротиб афзудааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи 854 мактаб бунёд ва азнавсозӣ шуда, 145 литсею гимназия ва мактабҳо барои кӯдакони болаёқат фаъолият мекунад.

Аммо бо ин вуҷуд, гуфт ӯ, сатҳи таълим дар Тоҷикистон наметавонад ба пояи мактабҳои олии хориҷӣ, ки аз фанновариҳои ҷадид огоҳ буда, дар ҳоли пешрафт қарор доранд, баробар шавад. Барои ташвиқу пуштибонии таҳсили ҷавонони тоҷик дар хориҷа раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси бунёди вижа ва ҳамингуна стипендияи вижаи президентиро изҳорот дод. Эмомалӣ Раҳмон гуфт: "Барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар хориҷи Тоҷикистон Фонди махсуси президенти Тоҷикистон, инчунин стипендияи байналмилалии президенти кишвар таъсис дода шавад. Умуман дар соли 2009-ум ба соҳаи маориф 1 миллиарду 140 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд, ки ин нисбат ба панҷ соли охир чор баробар ва дар муқоиса бо соли 1995 - 33 маротиба зиёд аст".

Дар паёми худ президенти Тоҷикистон инчунин дар бораи аз соли 2010 ҷорӣ шудани таҳсили ҳатмии даҳсола дар мактабҳои Тоҷикистон хабар дод ва гуфт, ки ин амал пеш аз ҳама бо ҳадафи ба таҳсил ҷалб кардани атфоли бемактаб пиёда мешавад: "Аз якуми сентябри соли 2010 бо таҳсили ҳатмии даҳсола ва то соли 2014 ба низоми нави таҳсилоти умумӣ гузашта, бо ин роҳ барои ҳамроҳ шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ замина фароҳам оварда шавад".

Суханронии президенти Тоҷикистонро бархе ҷавонони кишвар дар нуқоти дурдасти ҷумҳурӣ низ ботаваҷҷӯҳ гӯш мекарданд. Орзу Ҳамидови 22-сола, муҳассили соли чоруми филиали донишгоҳи технологии шаҳри Кӯлоб аст. Вай гуфт, ки барояш пеш аз ҳама тақозои манъ шудани даъват ба пахтачинӣ қобили қабул будааст, чунки ӯ ҳам дар қатори ҳазорҳо ҳамсабақони дигараш ҳар сол ба пахтачинӣ рафта аз барномаи таълимӣ хеле дур мешавад.

Вай дар сӯҳбати худ аз Кӯлоб ба барномаи Ояндасоз гуфт: "Аслан ин сӯҳбатҳо ва ин пешниҳодот бояд якчанд сол қабл мебуд, беҳтар буд. Аммо ҳоло ҳам он қадар дер нашудааст, зеро дар ҷомеаи имрӯзаи мо бисёре аз масъулон одат кардаанд, ки аз паси президент тамоми иқдомҳоро пиёда кунанд. Чун ҷаноби президент ин иқдомро пешгирӣ карданд, то ки донишҷӯёну мактабхонон ба пахтачинӣ нараванд, пас ҳоҷати гап нест, ки дигар муҳассилинро ба чиниши пахта ва дигар корҳои иҷборӣ водор кунанд".

Орзу Ҳамидов аз монеаҳову мушкилоте чанд дар пешбурди улуми дақиқ ва фанновариҳои навин дар мактабҳои олии кишвар изҳори норизоият кард. Ҳамсӯҳбати дигари мо аз бархе нукоти суханрониҳои президент аз хабаргузориҳои интернетӣ огаҳ шудааст. Ҷовид Ҷӯраев, яке аз масъулони ҳуқуқии созмони "Наҷоти кӯдакон"-и Амрико, ки бо масъалаи атфоли хиёбониву аз таҳсил дур мондани онҳо солҳост кор мекунад. Вай гуфт, умедвор аст ҳоло мақомоти Тоҷикистон ниҳоятан бо иродаи қавӣ ба ин масъала машғул хоҳанд шуд. Дар мавриди атфоли аз мактаб дурмондаву ба қатори кӯдакони хиёбонӣ дохилшуда Ҷовид гуфт, ки ин масъала чанд тадбири амалиро мехоҳад.

Ҷовид Ҷӯраев афзуд, ки бо пеш омадани бӯҳрони молӣ хатари афзудани шумори атфоли бепарастону беназорати хиёбонӣ дар Тоҷикистон боз ҳам афзоиш меёбад: "Теъдоди ин кӯдакон дар баробари бӯҳрони молиявие, ки вуҷуд дорад, зиёд гашта буд ва боз зиёд мешавад. UNICEF дар як гузориши худ соли 2007 чунин маълумот дода буд, ки 200 ҳазор кӯдак ба корҳои гуногун ҷалб шуданд ва қариб 10 фисади онҳо аз таълим дур монданд. Фикр мекунам, ин рақам кам нашуда балки зиёд шудааст".

Дар паёми худ ба парлумони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба рушди улуми дақиқ ва фанновариҳо таъкид кард ва гуфт, ки дар ин кишвар "илмҳои дақиқ то андозае дар ҳошияи илмҳои гуманитарӣ ҷой гирифтаанд. Ин аст, ки имрӯз тафаккури техникиву технологии мардум дар сатҳи нисбатан паст қарор дорад.

Аз назари коршиносон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ин навбат ба бархе нукоти нисбатан нави марбут ба мушкилоти ҷавонони ин кишвар муроҷиат кард ва ҳоло масъала ин аст, ки оё ин ҳама барномаҳо аз кадом ҳисоб ва маблағ иҷро хоҳад шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG