Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даври ниманиҳоии лигаи аввали шоҳмоти Тоҷикистон байни мардон бо пирӯзии шатранҷбози шаҳри Қӯрғонтеппа Аъзам Юнусов ба анҷом расид.

Дар ин сабқат, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, 16 шатранҷбоз аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон ширкат карданд.

Ғолиби сабқат Аъзам Юнусов дар 15 бозӣ 12 имтиёз ба даст овард. Душанбегӣ Неъмат Зиёев ва намояндаи вилояти Суғд Баҳодур Абдуллоев, ки 11-имтиёзӣ гирифтанд, ҷойҳои дуввуму севвумро бо ҳам тақсим карданд.

Даври ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии лигаи аввали шоҳмоти Тоҷикистон аз 24-уми апрел то 2-юми май дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG