Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон гуфт, паёми ахири раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажодро баррасӣ хоҳад кард.

Дипломатҳои аршади Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо шаби гузашта чанд соат пас аз эъломияи ахири раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, ба гуфтушунид нишастанд, то нақшаи мулоқоти ояндаи байнулмилалии марбут ба барномаи ҳастаии Теҳронро омода кунанд.

Мулоқоти Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон ва масъули сиёсатҳои берунаи Иттиҳоди Аврупо, Ҳавиер Солана, дар Вошингтон, дар ҳоле сар шуданд, ки хабаргузориҳо паёми нави президенти Эронро ба саросари дунё паҳн карда буданд. Аҳмадинажод паём дод, ки омодааст, равобити наверо бо Иёлоти Муттаҳида оғоз кунад. Вай гуфтааст, бастаи нави пешниҳодҳоеро омода кардаст, ки қарор аст, бунбастро дар гуфтугӯҳои кишвараш бо Ғарб бишканад.

Паёми ҷаноби Аҳмадинажод рӯзи чоршанбе, ҳангоми сафари ӯ ба Кирмон садо дод. Ва ҳангоме ки хонуми Клинтон ва ҷаноби Солана вориди толори музокироти худ мешуданд, пеш аз он ки дар баста шавад, ба хабарнигорон гуфтанд, "мо ин паёмро ҳам баррасӣ хоҳам кард." Хонуми Клинтон афзуд, дар ҳоле ки гурӯҳи панҷ бар иловаи як, яъне панҷ узви доимии Шӯрои Амният ва Олмон, талош доранд, Эронро ба сари мизи музокирот бинишонанд, рӯзҳои оянда дар ин мавзӯъ гуфтаниҳое зиёде рӯ хоҳад зад.

Ҳавиер Солана, масъули сиёсатҳои берунаи Иттиҳоди Аврупо, гуфт, ҳанӯз посухи расмии Эронро ба даъватномаи ширкат дар гуфшуниди гурӯҳи панҷ бар иловаи як дарёфт накардааст. Вай аз ташреҳи суханони ахири Аҳмадинажод худдорӣ кард. Худи Аҳмадинажод дар суханронияш дар Кирмон дар бораи ҷузъиёти пешниҳодҳои нави Эрон иттилоъ надод ва куллан ин танҳо паёми омодагии кишвараш ба ширкат дар гуфтушунид буд.

Дар давраи президенти пешини Амрико, Ҷорҷ Буш, Вошингтон танҳо як дафъа дар нишасти дипломатҳои аршади Британия, Русия, Фаронса, Чин. Олмон ва музокиракунандаи воломақоми Эрон ширкат кард. Сипас мақомоти ҳукумати Буш гуфтанд, то замоне ки Эрон ғанисозии ураниумро қатъ накунад, Амрико дар ин музокирот ширкат нахоҳад кард.

Президенти нави Амрико, Барак Обама, аз замони номзадияш хостори гуфтушунид бо Эрон буд. Мақомоти ҳукумати ӯ гуфтаанд, ин пешшарти музокиротиро лағв кардаанд ва дар мулоқоти навбатии гурӯҳи панҷ бар иловаи як ширкат хоҳанд кард. Бо пешниҳоди Вошингтон, Ҳавиер Солана, масъули сиёсатҳои берунаи Иттиҳоди Аврупо, аз Теҳрон даъват кард, дар ин мулоқоти навбатӣ ширкат кунад.

Пеш аз суханони ахири президент Аҳмадинажод, музокиракунандаи аршади ҳастаии Эрон, Саиди Ҷалилӣ дар гуфтугӯи телефонӣ ба Солана паём дода буд, ки кишвараш дар мулоқоти навбатӣ ширкат хоҳад кард.

Мақомоти Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, онҳо вокунишҳои Эронро бодиққат нигоҳ мекунанд ва посухҳои мусбат шароити муносибат бо дипломатҳои эрониро дар хориҷа сабуктар хоҳад кард. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, Роберт Вуд пас аз паёми ахири Аҳмадинажод гуфт, кишвараш омодаи гуфтушуниди мустақим бо Эрон аст. "Агар онҳо бо бастаи нави пешниҳодҳо биёянд, мо ҳатман ин пешниҳодҳоро баррасӣ хоҳам кард." Гуфт Роберт Вуд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико.
XS
SM
MD
LG