Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Амрико ва Аврупо барои посух додан ба Эрон


Дипломатҳои аршади Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо роҳҳои бархӯрди минбаъдаи худ ба барномаи ҳастаии Эронро баррасӣ мекунанд. Мулоқоти Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон ва масъули сиёсатҳои берунаи Иттиҳоди Аврупо, Ҳавиер Солана, дар Вошингтон, чанд соат пас аз эъломияи раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, оғоз ёфт. Аҳмадинажод паём дод, ки омодааст, равобити наверо бо Иёлоти Муттаҳида оғоз ва бастаи нави пешниҳодҳои раҳоӣ аз бунбасти дипломатиро ироа мекунад. Дар гузашта Амрико оғози ҳама гуна гуфтушунидро бо қатъи ғанисозии ураниум дар Эрон машрут мекард, аммо ҳукумати президент Обама ин шартро лағв кард.
XS
SM
MD
LG