Пайвандҳои дастрасӣ

Ихроҷи нозирони ҳастаӣ аз Кореяи Шимолӣ


Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, коршиносони он ва нозирони Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ аз Кореяи Шимолӣ ронда шудаанд. Роберт Вуд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, ин як қадаме ба ақиб буда, сабаби инзивои бештари Кореяи Шимолӣ хоҳад шуд."Ин қадаме ба ақиб аст. Мо мусалламан аз ин нигаронем. Аммо агар Кореяи Шимолӣ чунин тасмим мегирад, бояд оқибаташро ҳам фикр кунад. Онҳо фақат инзивои бештар аз ҷомеаи байнулмилалииро ба сари худ меоранд."

Тасмими Кореяи Шимолӣ дар посух ба изҳороти Шӯрои Амният гирифта шудааст, ки партоби мушаки дурпарвози Пхенянро маҳкум кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG