Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари вазири умури хориҷии Туркия ба Ереван


Вазири умури хориҷии Туркия қарор аст рӯзи панҷшанбе ба Арманистон сафар кунад. Алӣ Бобоҷон дар нишасти созмони ҳамкориҳои иқтисодии Баҳри Сиёҳ ширкат хоҳад кард ва сафари ӯ ба давраи талошҳои нармиш миёни Арманистону Туркия ба вуқӯъ мепайвандад. Ду кишвар равобити дипломатӣ надоранд ва Туркия аз талошҳои Ереван ба як маъракаи байнулмилалӣ барои наслкушӣ унвон кардани қатлҳои дастаҷамъии арманиҳо аз тарафи туркҳои усмонӣ дар соли 1915 нохушнуд аст. Туркия ҳамчунин дар соли 1993 ба нишони ҳамраъйӣ бо Озарбойҷон дар робита ба ҷанги Қарабоғи Кӯҳӣ марзи худро бо Арманистон бастааст.
XS
SM
MD
LG