Пайвандҳои дастрасӣ

Тарҳи размоишҳои НАТО дар Гурҷистон


Паймони Атлантики Шимолӣ моҳи оянда дар Гурҷистон тамринҳои ҳарбӣ баргузор хоҳад кард. Дар изҳороти НАТО гуфта мешавад, размоишҳо аз 6-уми май то 1-уми июн идома карда, дар ҷараёни он роҳҳои беҳбуди ҳамоҳангии кишварҳои узв ва шарикони паймон тамрин хоҳад шуд. Ин изҳорот дар ҳоле нашр мешавад, ки НАТО талош дорад, равобиташро бо Русия, ки зимни ҷанги Русияву Гурҷистон дар моҳи августи соли гузашта тахриб шудааст, эҳё намояд. Русия дар мавриди тамринҳои нав ҳанӯз изҳори назар накардааст.
XS
SM
MD
LG