Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Баучер бо Бердимуҳаммадов


Раисиҷумҳури Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, дар Ишқобод бо ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна, Ричард Баучер, мулоқот кард. Баучер паёми президенти Амрико, Барак Обамаро ба Бердимуҳаммадов расонд ва гуфт, Иёлоти Муттаҳида омодааст ба ислоҳот дар Туркманистон мусоидат кунад. Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Туркманистон мегӯяд, Баучер ва Бердимуҳаммадов ҳамчунин масъалаҳои энержӣ, аз ҷумла тақсими масирҳои интиқоли гази Туркманистон ба бозори ҷаҳониро баррасӣ карданд.
XS
SM
MD
LG