Пайвандҳои дастрасӣ

Беленкая ба Фаронса истирдод мешавад


Додгоҳи Маҷористон ё Венгрия тасмим гирифт, ки шаҳрванди Русия Ирина Беленкая ба Фаронса истирдод шавад. Ирина Беленкая дар рабудани Элизаи хурдсол аз шавҳари фаронсавияш муттаҳам мешавад. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, истирдоди Ирина Беленкая охирҳои моҳи май сурат мегирад, додгоҳ ахиран мӯҳлати боздошти ӯро тамдид кард.
Элиза Андреи 3-сола рӯзи 21 март аз манзили падараш дар Фаронса рабуда шуда буд. Чанд рӯз пеш модари ӯ Ирина Беленкаяро дар марзи Маҷористону Украина боздошт карданд – Беленкая мехост Элизаро пинҳонӣ ба Русия барад. Элиза ба дасти падараш супурда шуд.
Волидайни Элиза баъд аз таваллуди тифл аз ҳам ҷудо шуданд. Додгоҳи Фаронса ҳукм кард, ки Элиза бояд бо падараш бимонад ва аммо додгоҳи Русия дар бораи бо модараш мондани кудак ҳукм содир намуд. Аз ин пеш Элиза ду бор рабуда шуда буд – аввал Ирина Беленкая ӯро пинҳонӣ бо худ ба Русия бурд ва баъдан падараш ӯро пайдо карда ҳамчунон пинҳонӣ ба Фаронса баргардонд.
XS
SM
MD
LG