Пайвандҳои дастрасӣ

Теҳрон барои созиш омода аст?


Теҳрон бастаи созишкоронаи пешниҳодҳо оид ба баҳси кишвар бо мамолики пешрафта дар робита ба барномаи ҳастаии Эронро таҳия мекунад. Дар ин бора имрӯз раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, бастаи нави пешниҳодҳо ба зудӣ ба шаш кишвар – панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ ва Олмон ироа хоҳад шуд. Маҳмуди Аҳмадинажод афзуд, ки гап сари ибтикори нави Теҳрон - таъсиси консорсиуми байнулмилалӣ оид ба ғанисозии ураниум меравад.
ИМА ва кишварҳои ғарбӣ Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG