Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Тайланд хостори боздошти Шиноватра шуд


Мақомоти Тайланд шиносномаи хориҷии сарвазири собиқ Таксин Шиноватраро аз эътибор соқит карданд. Таксин Шиноватра айни ҳол дар хориҷи кишвар ба сар мебарад ва ҳукумат боздошт ва истирдоди ӯ ба Бангкокро талаб дорад. Намояндаи ҳукумати Тайланд тасмими ахирро бо ошуби ҷонибдорони Шиноватра марбут кард, ки бар асари он нишасти сарони АСЕАН – Иттиҳодияи кишварҳои Осиёи ҷанубу шарқӣ дар фароғатгоҳи Паттайя мавқуф гузошта шуд ва дар задухурдҳо дар Бангкок ду нафар кушта шуданд. Ҷонибдорони мухолифин талош доштанд Таксин Шиноватраро, ки соли 2006-ум бар асари кудатои низомиён аз маснад барканор шуда буд, дубора дар мақомаш барқарор кунанд.
XS
SM
MD
LG