Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занги телефон ба "Ал-Ҷазира" аз Гуантанамо


Яке аз маҳбусони зиндони Гуантанамо ба шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” телефон карда, аз бадрафтории нозирон шикоят намуд. Ба иттилоъи ин шабакаи телевизионӣ, шаҳрванди Чад Муҳаммад Ал-Гаронӣ аз ҳаққи занги телефон ба хонаводааш истифода кард ва аммо на ба манзилаш, балки ба “Ал-Ҷазира” занг зад. Ӯ изҳор намуд, ки дар зиндон калтаккӯб ва бо гази ашковар азияташ кардаанд. Маъмурияти маҳбаси Гуантанамо ин ҳама иттиҳоми Ал-Гарониро рад кард. Зимнан, Ал-Гаронӣ, ки ҳафт сол боз дар Гуантанамо ба сар мебарад, бояд рӯзҳои наздик аз банд раҳо шавад –иттилоъ дар бораи ҳамкории ӯ бо ҷунбиши “Толибон” ва созмони “Ал-Қоида” дар мурофиаи додгоҳӣ исбот нашуд.
XS
SM
MD
LG