Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз ҳамла ба ҷонибдорони мухолифин


Намояндагони аҳзоби мухолифи ҳукумати Гурҷистон аз ҳамла ба ҷонибдоронашон хабар доданд. Шаби гузашта дар канори қароргоҳи раисиҷумҳур дар Тифлис Гизо Сартания ва Ҳамлет Гулодрава мавриди лату кӯб қарор гирифтанд. Дар дигар минтақаи шаҳр афроди калтакдор ба ҷонибдори мухолифин, овозхон Зураб Манҷавидзе ҳамла карданд ва аммо ӯ зуд ба мошин савор шуда дарҳои онро маҳкам кард.
Аҳзоби мухолиф дар ин ҳамлаҳо кормандони вазорати умури дохиларо айбдор карданд. Ва аммо, ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, мақомоти Гурҷистон даст доштани худ дар ин ҳодисаҳоро рад мекунанд. Шурӯъ аз рӯзи 9 апрел дар Тифлис намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ идома доранд.
XS
SM
MD
LG