Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боз як ҳамлаи нокоми роҳзанҳо ба киштии амрикоӣ


Роҳзанҳои дарёии Сомалӣ дар уқёнуси Ҳинд боз ба як киштии амрикоӣ ҳамла карданд. Ин дуввумин ҳамла ба киштии боркаши ИМА дар ҳафтаи ахир аст. Ба иттилоъи намояндаи ширкате, ки киштии Liberty Sun ба он мансуб аст, роҳзанҳои дарёӣ сӯи киштӣ аз автомат ва гранатомётҳо оташ кушоданд ва аммо ба ғасби он муваффақ нашуданд. Капитани Liberty Sun киштии низомии амрикоиеро ба кумак хонд, ки рӯзи якшанбе дар наҷоти Ричард Филипс - капитани дигар киштии амрикоӣ саҳм гирифта буд. Дар он ҳодиса се тан аз роҳзанҳои дарёӣ кушта шуданд ва раҳбари раҳзанҳо таҳдид карда буд, ки интиқом меситонанд.

XS
SM
MD
LG