Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Аҷмал Қассоб мавқуф гузошта шуд


Дар Ҳиндустон бозрасии парвандаи ягона гумонбари зиндамондаи ҳамлаи террористӣ ба шаҳри Мумбай мавқуф гузошта шуд. Додгоҳ имрӯз эълон кард, ки вакили дифоъи гумонбар аз ҷараёни бозрасӣ ихроҷ шудааст. Гуфта мешавад, ки вакили дифоъ бо яке аз шоҳидони эҳтимолии ҳодиса робита доштааст. Гумонбар – шаҳрванди Покистон Аҷмал Қассоб, ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, миёни даҳ нафаре буд, ки моҳи ноябри соли гузашта ба Мумбай ҳамла карда буданд. Ба иттилоъи расмӣ, бар асари ҳамла ба ду меҳмонсарои бузург, истгоҳи роҳи оҳан, Маркази яҳудиён ва тарабхонаву бемористони Мумбай 160 нафар ба ҳалокат расиданд. Даргирӣ бо ҳамлагарон дар ин шаҳр тақрибан 60 соат идома дошт. 9 тан аз ҳамлагарон кушта шуда ва як нафари онҳо – Аҷмал Қассоб боздошт гардид. Аҷмал Қассоб узви гурӯҳи ифротгарои “Лашкари Тойиба” аст. Дар сурати эътироф шудани иттиҳом ба ӯ ҳукми эъдом таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG