Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Моддаи 20 боби 5-уми Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ҳомили чанд нуктаест, ки рӯяшон та ба ҳол баҳсҳо идома доранд.

Дар банди 3-юми ин модда омадааст, ки «ибодат, расму оин ва маросимҳои динӣ дар ибодатгоҳҳо ва замини ба онҳо мутааллиқ, дар зиёратгоҳҳо, дар қабристонҳо - вобаста аз хусусиятҳои эътиқоди динӣ, инчунин дар манзилҳо ва хонаҳои шаҳрвандон анҷом дода мешаванд».

Ҳоҷи Акбари Тӯраҷонзода, узви Маҷлими Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, мегӯяд, ин банди қонун дар зимн барои як фарди мусалмон маҳдудияти адои ибодатро фароҳам кардааст:

«Суол ба миён меояд, ки дар ҷои кор, фурӯшгоҳу фурудгоҳҳо ва маҳбас мардум чӣ гуна намоз гузоранд, вақте дар қонун ин нукта рӯшан нест? Вақте ин суолро додам, яке аз аъзои Маҷлиси Миллӣ гуфт, ки давлати мо давлати дунявӣ аст, аз ин хотир мо наметавонем иҷоза диҳем, ки мардум дар ҳар куҷое, ки дилаш хоҳад намоз гузорад. Воқеан дунявиятро ҳам бо тарзи ғалат фаҳмиданд».

Муҳаммадшариф Ҳимматзода, раҳбари маънавии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, Амрико на камтар аз мо давлати дунявӣ аст, аммо дар тамоми ҷойҳои ҷамъиятии ин кишвар, минҷумла Конгресси Амрико, ибодатгоҳҳо вуҷуд доранд.

Саидбек Маҳмадуллоев, масъули шӯъбаи дини вазорати фарҳанги Тоҷикистон, мегӯяд, дар ин банди қонун маҳдудияте вуҷуд надорад, зеро банди 6-уми қонун, ки дар он ҷо омадааст «иттиҳодияҳои динӣ барои анҷом додани ибодат, расму оин ва маросимҳои динӣ ба шаҳрвандоне, ки дар беморхонаҳо, осоишгоҳҳо, хонаҳои пиронсолон ва маъюбон, ҷойҳои ҳабси пешакӣ ва маҳрумӣ аз озодӣ мебошанд, тибқи тартиботи дар онҳо муқарраршуда бо пешниҳод муроҷиат карда метавонанд», тартиби дар ҷойҳои дигар ибодатро нишон додааст.

Оқои Маҳмадуллоев мегӯяд, ин ҳама ба танзим даровардани гузоштани ибодат аст, масалан, дар бархе аз масоҷид мардум ҳатто дар кӯча намоз мегузоранд. Вай меафзояд, «намоз дар масҷид гузошта мешавад. Ин фармудаи шариат аст, на қонун. Ҷойи намозгузорӣ ҳам масҷид, ҷойи ибодат калисову куништ аст. Қонун ҳам инро зикр мекунад. Ҳатто дар хонаҳо қонун иҷозат медиҳад, ки намоз гузошта шавад».

Сайид Умар Ҳусайнӣ, муовини райиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ин банди қонун як навъ таҳрири Қуръон – китоби муқаддаси мусалмонон аст. Вай меафзояд, «паёмбари гиромиқадри Ислом гуфтаанд ва суханони он касро Иқболи Лоҳурӣ чунин меорад:
Мӯъминонро гуфт он султони дин,
Масҷиди ман ин ҳама рӯйи замин.
Маҳдуд кардан ва тахсис додани ҷой барои намоз ин хилофи ислом, аз ҷумла бузаргтарин мазҳабаш – ҳанафия, аст».
Саидбек Маҳмадуллоев мегӯяд, Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ адёни дигарро низ дарбар мегирад ва мушаххас кардани ҳама дар қонун имкон надорад.

Мунтақидони ин банди Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ мегӯянд, банди 5-уми моддаи 20 аз мусалмонон ҳуқуқи дар ҷойҳои корӣ намоз гузоштанро низ мегирад. Саидбек Маҳмадуллоев мегӯяд, «хизматчиёни давлатӣ ҳуқуқ надоранд, ки иттиҳодияи динӣ таъсис диҳанд, аммо намоз гузоштанро қонун барои онҳо манъ намекунад».

Иддае аз коршиносон мегӯянд, маҳдудият дар гузоштани ибодат ҷомеаи намозгузори Тоҷикистонро нороҳат ва норизо хоҳад кард, аммо иддаи дигар бар онанд, ки ин маҳдудиятҳо дар қонун боқӣ мемонанд ва ҳукумат дар ҳолатҳои зарурӣ аз ин банди қонун истифода хоҳад кард.

Бахши аввал: Нақши махсуси Ҳанафия
Бахши дуввум: Иттиҳодияҳои динӣ
Бахши севвум: Маҳдудият дар таблиғот
Бахши чаҳорум: Муносиботи давлат ва дин

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG