Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э. Раҳмон: Гази худӣ ба Душанбе


Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 15-уми апрел, дар порлумони кишвар дар ҳузури вакилони мардумӣ ва раҳбарони вазоратҳову кумитаҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар ва ҳамчунин зиёиён паёми солонаи худро ба ҳарду табақаи порлумони кишвар ироа кард.

Президенти Тоҷикистон аз ҷумла гуфт, дар чаҳор соли наздик Тоҷикистон ба истиқлоли энержӣ даст хоҳад ёфт. Ӯ гуфт, дар семоҳаи аввали имсол дар кишвар 15 нерӯгоҳи хурд бунёд шудааст ва то охири сол шумори онҳо то ба 50 бояд бирасад. Ӯ гуфт, то миёнаҳои моҳи май бунёди нерӯгоҳи Сангтӯда-1 тамом шуда, он ба фаъолият оғоз хоҳад кард. Ӯ гуфт, сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2 дар охири соли 2011 анҷом хоҳад шуд.

Раисҷумҳур гуфт, дар чаҳор соли наздик ҳукумати Тоҷикистон барои таҷдиди нерӯгоҳи Норак 480 миллион сомонӣ ҷудо хоҳад кард ва аз ин миён 80 миллионаш аз грантҳои созмонҳои хориҷӣ иборат хоҳад буд. Ӯ гуфт, дар ҳамин ҳол сохтмони нерӯгоҳҳои Роғун, Нуробод-1, Нуробод-2 ва нерӯгоҳҳои хурд дар дарёҳои Зарафшон, Панҷ ва Вахш идома дода хоҳад шуд.

Президент ҳамчунин гуфт, то охири имсол пойтахти кишвар бо гази худӣ таъмин хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG