Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози Эрон аз таҳдидҳои Исроил


Эрон дар номае аз Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид даъват кардааст, ба таҳдидҳои эҳтимолии Ироил барои шурӯъи ҳамла ба Эрон амалан посух диҳад. Дар номаи сафири Эрон дар Созмони Милал, Муҳаммад Хазоӣ сарони Исроил ба "таҳдидҳои ғайриқонунӣ ва тавҳиномез"-и ҳамла рӯи иншооти ҳастаии Эрон айбдор шудаанд. Раисиҷумҳури Исроил Шимон Перес ва сарвазири ин кишвар, Бенямин Нетаняҳу, дар мусоҳибаҳои ахири матбуотӣ аломат додаанд, ки тарҳи ҳамлаҳои эҳтимолӣ барои пешгирӣ аз дастёфти Эрон ба силоҳи ҳастаиро баррасӣ мекунанд. Эрон иттиҳоми талошҳои бунёди аслиҳаи атомиро рад мекунад. Дар нома ба Созмони Милал изҳороти раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба маҳви давлати Исроил ёдрас нашудааст.
XS
SM
MD
LG