Пайвандҳои дастрасӣ

Вокуниши Амрико ба тасмимҳои Кореяи Шимолӣ


Иёлоти Муттаҳида эълони Кореяи Шимолиро, ки хуруҷи хешро аз гуфтушунидҳои шашгонаи байнулмилалӣ эълон кард ва мегӯяд, барномаи ҳастаияшро дубора аз сар мегирад, ҳамчун "қадаме дар самти ғалат" маҳкум кард. Сухангӯи Кохи Сафед, Роберт Гиббс аз Пхенян даъват кард, "таҳдидҳои иғвогаронаи худро қатъ кунад ва ба иродаи ҷомеаи байнулмилалӣ арҷ гузошта, вазифа ва ӯҳдадориҳои байнулмилалии худро ба ҷой орад. Изҳороти Кохи Сафед дар ҳоле садо дод, ки Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ гуфтааст, Пхенян ба ҳамаи бозрасони ин ниҳод дастур додааст, ба таври фаврӣ Кореяи Шимолиро тарк кунанд. Пештар, Кореяи Шимолӣ гуфт, он ба нишони эътироз аз изҳороти Шӯрои Амният дар мавриди партоби мушаки дурпарвозаш гуфтушунидҳои байнулмилалиро дар робита ба барномаи ҳастаии худ бойкот мекунад.
XS
SM
MD
LG