Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти фурӯшандагони "бомбаи худсохт" дар Украина


Хадамоти амнияти Украина мегӯяд, вакили як маҷлиси маҳаллиро ҳангоми талоши фурӯхтани маводи радиоактив барои бомбаи ҳастаии худсохт ба ҳабс гирифтааст. Сухангӯи ин хадамот, Марина Остапенко гуфтааст, як вакили маҷлиси вилояти ғарбии Тернопил ва ду нафари дигарро ҳангоми фурӯши наздик ба 4 килограм маводи радиактив ба корманди махфии хадамот боздошт кард. Ба гуфтаи ин манбаъ маводи мазкур дар замони шӯравӣ дар Русия тавлид ва ба Украина қочоқ шудааст.
XS
SM
MD
LG