Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Амрико ва Афғонистон аз шариат дар Свот


Иёлоти Муттаҳида ва Афғонистон аз тасмими раисиҷумҳури Покистон ба ҷорӣ кардани шариати ислом дар водии Свот изҳори нигаронӣ ва норозигӣ кардаанд. Намояндаи Амрико гуфтааст, ин муомила сабаби коҳиши демократия ва нақзи ҳуқуқи инсон мешавад. Вай афзуд, тасмими Осифалӣ Зардорӣ, ҳукумати президент Обамаро дилсард мекунад. Сухангӯи раёсатҷумҳурии Афғонистон гуфтааст, тасмими сарвари Покистон метавонад мояи таҳдиде ба ҳамсоякишвар шавад. Зардорӣ ҳамчун бахше аз созиш ва оташбас бо Толибон ризоият додааст, ки дар водии Свот шариати исломӣ ҷои қонунҳои дунявиро бигирад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG