Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон ҷаҳонро ба кӯмак мехоҳад


Ҳукумати Тоҷикистон барои кӯмак ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат хоҳад кард. Хабаргузории ИТАРТАСС ба нақл аз мақомоти давлати Тоҷикистон мегӯяд, дархости кӯмак бар он асос меёбад, ки ба иллати бӯҳрони ҷаҳонӣ камбуди буҷа зиёда аз 288 миллион долларро ташкил хоҳад дод ва танҳо дар ду моҳи аввали сол даромади буҷа 25 дарсад кам шудааст. Мақомоти давлати Тоҷикистон гуфтаанд, камбуди мазкур бар асари коҳиши рушди иқтисодӣ ва нархи пахтаву алюмин ҳамчунин кам шудани пули муҳоҷирони тоҷик ба вуҷуд омадааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG