Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Басеску ба таҳқиқи "таъқибҳо" дар Молдова


Раисиҷумҳури Руминия ба таҳқиқи аврупоии, ончӣ ӯ, таъқиб дар Молдова меномад, даъват намуд. Траян Басеску гуфт, бояд "нақзи ҳуқуқи инсон ва озодии баён дар Молдова, ихроҷи журналистон ва иттиҳоми зидди Руминия дар рӯйдодҳои хушунатомези ахири Молдова аз тарафи Иттиҳоди Аврупо пажӯҳиш шаванд. Дар ин байн Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз Молдова даъват кард, аз ҳабси журналистон худдорӣ ва озодии матбуотро эҳтиром кунад.
XS
SM
MD
LG