Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори вакили мардумӣ дар Қирғизистон


Kyrgyzstan -- The deputy of parliament Sanjar Kadyraliev is killed, 14april2009
Kyrgyzstan -- The deputy of parliament Sanjar Kadyraliev is killed, 14april2009

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар назди манзилаш дар Бишкек вакили порлумони ин кишвар Санҷар Қодиралиев ба зарби гурӯла ба қатл расидааст.

Санҷар Қодиралиев, узви парлумони Қирғизистон, дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Бишкек, кушта шуд. Сухангӯи вазорати умури дохилии ин кишвар гуфт, Қодиралиев дар назди манзилаш ҳадафи тири афроди ношинос қарор гирифт. Санҷар Қодиралиев муовини ҳизби Оқжол буд, ки аз раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев ҳимоят мекунад. Қирғизистон тайи ҳафтаи охир бо наздик шудани замони интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ, ки қарор аст, моҳи июл баргузор шавад, ба ташаннуҷҳои афзояндаи сиёсӣ рӯбарӯ шудааст.
XS
SM
MD
LG