Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ дар эътирозҳо Маскавро ҳамдаст номид


Раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ имрӯз гуфт, дар паси раҳпаймоҳои эътирозии мухолифин дар Тифлис, ки 6 рӯз боз бо талаби истеъфои ӯ идома доранд, Русия истодааст. Мухолифин ин иддаоро аммо радд мекунанд. Имрӯз дар рӯбарӯи бинои парлумони Гурҷистон дар Тифлис б ҳудуди 6 000 тазоҳургар ҷамъ шуда буд. Ин дар ҳолест, ки дар рӯзи аввали тазоҳурот ҳудуди 60 000 нафар ба майдон рехта буд. Мухолифин Саакашвилиро айбдор мекунанд, ки бар хилофи ормонҳои “инқилоби садбаргҳо”-и соли 2003 амал карда, Гурҷистонро иштибоҳан даргири ҷанг бо Русия кард.
XS
SM
MD
LG