Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Кобул аз ҷорӣ шудани шариъат дар Свот


Афғонистон бо изҳори нигаронӣ гуфт, созишномаи байни давлати Покистон ва ҷангиёни толиб, ки дар водии Свот қонуни шариъатро ҷорӣ мекунад, метавонад барои амнияти Афғонистон низ хатар эҷод кунад. Ҳумоюн Ҳамидзода, сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон аз Исломобод даъват кард, рӯи хатароти ношӣ аз ин муомила барои кишварҳои ҳамҷавор низ бияндешад. Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Покистон қонунеро, ки эъмоли қавонини шариъат дар водии Свотро иҷозат медиҳад, имзо гузошт. Ҷангиёни толиб дар иваз барои оташбас бо нирӯҳои давлатӣ розӣ шуданд. Аммо фаъолони ҳуқуқ ва кишварҳои Ғарб мегӯянд, ки ин қонун метавонад манотиқи шимолу ғарби Покистонро ба як паноҳгоҳи амн барои ҷангиёни толиб ва муттаҳидини онҳо аз шабакаи Ал-Қоида табдил бидиҳад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG