Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи шашуми эътирозҳо дар Тифлис


Имрӯз низ чанд ҳазор тазоҳургар дар рӯбарӯи бинои парлумони Гурҷистон дар Тифлис ба раҳпаймоии эътирозӣ бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ идома доданд. Эътирози мухолифини гурҷӣ инак 6 рӯз боз идома дорад. Мухолифин Саакашвилиро айбдор мекунанд, ки бар хилофи ормонҳои “инқилоби садбаргҳо”-и соли 2003 амал карда, Гурҷистонро дар тобистони гузашта иштибоҳан даргири ҷанг бо Русия кард. Дар рӯзи аввали тазоҳурот дар Тифлис ҳудуди 60 000 нафар гирди ҳам омад, вале дар рӯзҳои баъдӣ шумори тазоҳургарон рӯ ба коҳиш овард.
XS
SM
MD
LG