Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифини Молдова интихоботи дубора мехоҳанд


Се ташаккули умдаи мухолифини Молдова мегӯянд, шумориши дубораи орои интихоботи парлумониро, ки ба рӯзи 15 апрел муқаррар шудааст, таҳрим хоҳанд кард. Раҳбарони аҳзоби либерал, Молдоваи мо ва либерал-демократ дар иваз хостори баргузории интихоботи такрорӣ шуданд. Бар асоси шумориши расмӣ, дар интихоботи рӯзи 5 апрел ҳизби ҳокими коммунист пирӯз шудааст. Аммо эълони натоиҷи интихобот мунҷар ба эътирозоти густарда ва беназмиҳо дар Кишинёв, пойтахти Молдова шуд. Додгоҳи Қонуни Асосии Молдова рӯзи якшанбе бо дархости раисиҷумҳур Владимир Воронин ба хотири таъмини оромӣ шумориши муҷаддади орои интихоботи парлумониро дастур дод.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG