Пайвандҳои дастрасӣ

Қоҳира Эронро муттаҳам мекунад


Вазири хориҷаи Миср Аҳмад Абулғайт Эронро айбдор кард, ки мехоҳад бо истифода аз гурӯҳи ситезаҷӯи Ҳизбуллоҳ дар Миср барои худ ҷои по пайдо кунад. Абулғайт гуфт, Эрону пайравонаш мехоҳанд аз Миср ба ҳайси роҳи вуруд ба майдони Ховари Миёна истифода баранд. Қоҳира дар ҳафтаи гузашта 49 узви як созмони марбут ба гурӯҳи шиъаи Ҳизбуллоҳро ба таҳияи ҳамлаҳо дар қаламрави ин кишвар айбдор кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG