Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли ду ошиқ дар Нимрӯзи Афғонистон


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, чирикиҳои толиб як ҷуфти ҷавонро, ки ба хотири ба ҳам расидан фирор кардаанд, ба қатл расондаанд. Волии Нимрӯз Ғулом Дастагири Озод гуфт, ин ду нафар рӯзи душанбе дар улусволии Хашрод дар мазҳари омм қатл шудаанд. Волии Нимрӯз гуфт, он ду нафар мехостанд ба Эрон фирор кунанд, вале дар роҳ боздошт шуданд. Шӯрои уламои муҳофизакор баъдан ҳардуро бо ҷурми бадахлоқӣ ба эъдом маҳкум кард ва ин ҳукм дар рӯбарӯи масҷид иҷро карда шуд.
XS
SM
MD
LG