Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳимматзода аз узвияти парлумон даст кашид


Муҳаммадшариф Ҳимматзода, пешвои маънавии ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар парлумон, дар вокуниш ба лағви имтиёзҳои вакилиаш аз сӯи раиси парлумон, аз узвияти Маҷлиси намояндагон истеъфо дод. Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сухангӯи ҲНИТ, гуфт, раҳбарони Маҷлис дар пайи нашри матолиби интиқодии Ҳимматзода дар бораи қонуни нави дин мошини хидматии ӯро пас гирифта, сипас маоши депутатиро ба ӯ миннат гузоштаанд, ки боиси чунин вокуниши шадиди Ҳимматзода шудааст. Аммо мақомоти Куммиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон гуфтаанд, қонун лағви ваколати аъзои Маҷлис дар соли охири фаъолияти парлумонро иҷозат намедиҳад. Муҳаммадшариф Ҳимматзода аз соли 2000 ба ин сӯ тайи ду давра вакили ҲНИТ дар Маҷлиси намояндагон буд.
XS
SM
MD
LG