Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико дар ҷустуҷӯи роҳи нав ба Эрон


“Амрико метавонад шартҳои калидӣ барои музокироти ҳастаӣ бо Эронро лағв кунад”.

Рӯзномаи амрикоии "The New York Times" рӯзи 14-уми апрел дар матлабе бо чунин унвон навишт, маъмурияти Барак Обама ва муттаҳидини аврупоияш дар садади таҳияи пешниҳодҳое мебошанд, ки стротежии қаблӣ дар қиболи Эронро тағйир медиҳад. Пеш аз ҳама тавассути лағви шарти калидиии Амрико, ки аз Теҳрон боисрор тақозо мекард, таъсисоти ҳастаияшро ҳанӯз дар мароҳили аввали музокироти ҳастаӣ бубандад.

Ин маҷмӯъи пешниҳодҳо, ки дар гуфтугӯҳои маҳрамона бо муттаҳидини аврупоии Амрико мавриди баҳс қарор доштааст, аз Теҳрон талаб мекунад, барномаҳои ҳастаияшро батадриҷ барои барои бозрасии фарогир боз кунад, аммо иҷоза хоҳад дод, ғанисозии ураниумашро тайи як муддати баъд аз шурӯъи музокирот идома диҳад. Ба навиштаи "The New York Times", ин стротежӣ аз дидгоҳи маъмурияти қаблии Ҷорҷ Буш, ки тавқифи ғанисозии ураниумро пешшарти чунин музокирот мехонд, комилан фарқ карда, аз ваъдаи пешазинтихоботии Барак Обама дар бораи шурӯъи музокироти бидуни қайду шарт бо Эрон бармеояд. Мақомоти зидахли баҳси мавзӯъ гуфтаанд, ки ҳадаф ба музокироти ҳастаӣ, ки Эрон то ҳол аз он иҷтиноб меварзид, ҷалб кардани ҷумҳурии исломист.

Барак Обама дар пайи нишастан ба курсии раёсат бозбинии сиёсати Амрико дар қиболи Эронро тақозо карда буд. Бозбинии ин сиёсат ҳанӯз анҷом наёфта ва мушовирони Обама мегӯянд, ҳанӯз маълум нест, ки ӯ идомаи ғанисозии ураниумро ба Эрон то кай ва то ба кадом ҳадде иҷоза хоҳад дод. Аммо мақомоти аврупоии зидахл дар музокироти мавзӯъи Эрон бо маъмурияти Обама мегӯянд, ҳамагӣ пазируфтаанд, ки Эрон тавқифи билофосилаи фаъолияти корхонаҳои ҳастаияшро, тавре маъмурияти Буш тақозо дошт, қабул нахоҳад кард. Як мақоми аршади аврупоӣ ба " The New York Times" гуфт, “таҷруба низ нишон дод, ки Эрон ба ин тақозо гардан нахоҳад дод, ва мо мехоҳем ба хотири эъмори як каме эътимод аз иқдомоти муваққат кор бигирем.”

Мақомоти маъмурияти Амрико аз ҳар навъ ташреҳи ҷузъиёти баҳси масъалаии Эрон худдорӣ меварзанд. Вале як мақоми амрикоӣ
Муҳаммад Бародай, мудири кулли Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ: "Барак Обама феълан интихоби чандоне надорад ва ин воқеъиятро бояд бипазирад, ки Эрон алакай 5500 сентрифуга тавлид ва насб карда, қодир ҳаст, ҳар сол қариб ду бомби ҳастаӣ бисозад.
гуфтааст, сиёсати нави Вашингтон дар қиболи Теҳрон сароҳатан ҳамон аҳдофи қаблиро дунбол хоҳад кард, яъне Эрон бояд тибқи тақозои қатъномаи СММ, ғанисозии ураниумро қатъ кунад. Як мақоми дигар дар сӯҳбат бо “The New York Times" муҳтотона гуфтааст, пешниҳодҳои нав ба Эрон ҳанӯз аз марҳалаи баҳсу баррасӣ берун наомадааст.

Нашрия меафзояд, агар Амрикову муттаҳидини аврупоияш идома додани ғанисозии ураниум ба Эронро то чанд моҳи дигар ё ҳатто бештар, иҷозат диҳанд, ин иқдом ҳатман ба мухолифати муҳофизакорон дар Амрико ва давлати нави Исроил ба раҳбарии сарвазир Бенямин Нетаняҳу дучор хоҳад шуд.

Агар президент Барак Обама дар ниҳоят пешниҳодҳои ҷадид дар мавриди музокироти ҳастаӣ бо Эронро тасвиб кунад, ин як нуқтаи атф дар музокироти барномаҳои ҳастаии он кишвар, ки гурӯҳи 5 +1 пеш мебарад, хоҳад шуд. Ин гурӯҳ, ки 5 узви доимии ША ба иловаи Олмонро муттаҳид мекунад, ахиран хостори даъвати худи Эрон ба ин музокирот шуд ва раҳбари ҳайъати музокиротии Эрон Саид Ҷалилӣ ахиран дар як тамоси телефонӣ бо раҳбари идораи сиёсати хориҷии Аврупо Хавйер Солана аз ин пешниҳод истиқбол кардааст.

Дар сурати ҷалби Эрон ба раванди гуфтугӯ, Амрикову муттаҳидинаш дар қораи Аврупо метавонанд аз давраҳои ҷадиди музокирот ба хотири ташвиқи Эрон истифода кунанд, ки ба сӯи тавқифи фаъолиятҳои ҳастаияш иқдом карда, корхонаҳои ҳастаияшро ба рӯи нозирон бозтар кунад. Аз ҷумла корхонаи собиқи соатсозӣ дар маркази Теҳронро, ки феълан ба тавлиди насли нави сентрифугаҳои лозим барои ғанисозии ураниум дар корхонаи зеризаминии Натанз машғул аст. Як нозири СММ корхонаи тавлиди сентрифугаҳо дар Теҳронро “таъсисоти хеле бузург” ба қалам дода, гуфтааст, нозирони байналмилалӣ аз тобистони соли гузашта ба ин тараф боре ҳам вориди ин корхона нашудаанд. Муҳаммад Бародай, мудири кулли Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ гуфтааст, Барак Обама феълан интихоби чандоне надорад ва ин воқеъиятро бояд бипазирад, ки Эрон алакай 5500 сентрифуга тавлид ва насб карда, қодир ҳаст, ҳар сол қариб ду бомби ҳастаӣ бисозад.
XS
SM
MD
LG