Пайвандҳои дастрасӣ

Роксана Собирӣ ба додгоҳ эҳзор шуд


Қувваи қазоияи Эрон гуфт, хабарнигори эронитабори амрикоӣ Роксана Собирӣ бо иттиҳоми ҷосусӣ ба додгоҳ эҳзор шуд. Сухангӯи ин ниҳод Алиризо Ҷамшедӣ дар як нишасти хабарӣ гуфт, Собирӣ, ки аз моҳи январ дар боздошт ба сар мебарад, рӯзи душанбеи 13 апрел ба додгоҳ кашонида шуд ва интизор меравад, ҳукми ӯ ба зудӣ содир шавад. Вазорати хориҷаи Амрико иттиҳомоти ворида ба Роксана Собириро “бебунёд” хондааст. Дар ҳамин ҳол, нашрияи ислоҳталаби “Сармоя” имрӯз навишт, то рӯзи 20 марти соли ҷорӣ дасти кам 14 хабарнигор ба зиндон кашонида шуда, мақомот чопи 34 матлабро манъ кардаанд.
XS
SM
MD
LG