Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зардорӣ тавофуқи сулҳи Свотро имзо кард


Раисиҷумҳури Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ шоми душанбе ба низомномае имзо гузошт, ки дар чаҳорчӯби тавофуқи сулҳ бо ҷангиёни толиб, дар водии Свот шариъати исломиро ҷорӣ мекунад. Қаблан Маҷлиси миллии Покистон бо иттифоқи оро қарореро қабул кард, ки аз раисиҷумҳур тасвиби ин қарордоди зиддунақизи сулҳро тақозо мекунад. Ин қарордод моҳи феврал миёни мақомоти маҳаллӣ ва ҷангиёни толиб ҳосил шуда, дар ивази оташбас байни нирӯҳои амниятӣ ва ҷангиёни толиб эъмоли қонунҳои шариъат дар водии Свотро дар бар мегирад. Аммо фаъолони ҳуқуқи башар ва Амрикову дигар кишварҳои Ғарб бо изҳори нигаронӣ мегӯянд, ки ин тавофуқ шимолу ғарби Покистонро ба як паноҳгоҳи амн барои ҷангиёни толиб ва муттаҳидини онҳо аз шабакаи Ал-Қоида табдил медиҳад.
XS
SM
MD
LG