Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пхенян гуфт, музокиротро таҳрим мекунад


Кореяи шимолӣ гуфт, ба нишони эътироз ба қатъномаи СММ, ки партоби ахири мушаки Пхенянро маҳкум кард, музокироти байналмилалии барномаҳои ҳастаияшро таҳрим хоҳад кард. Пхенян ҳамчунин гуфт, корхонаи тавлиди плутониуми низомиашро, ки фаъолияташ тибқи созишномаи байналмилалии халъи силоҳи Кореяи шимолӣ мутаваққиф шуда буд, дубора фаъол мегардонад. Ин эълон тавассути телевизони давлатии Кореяи шимолӣ садо дод:“Мо ба хотири ба ҳолати пешин овардани корхонаҳои ҳастаие, ки тибқи қарордоди бадастомада дар музокироти шашгона аз кор андохта шудаанд, иқдом карда, онҳоро аз нав фаъол мегардонем ва коркарди дубораи маводи сӯхти масрафшуда дар нирӯгоҳи ҳастаии озмоиширо ба роҳ мегузорем.” Шӯрои Амнияти СММ рӯзи душанбе бо иттифоқи оро партоби тақрибан ду ҳафта пеши мушаки дурпарвози Кореяи шимолиро нақзи тақозои Милали Муттаҳид хонда, маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG