Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Буҷаи бӯҳронгири соли 2009


Буҷаи тасвибкардаи порлумони кишвар барои соли 2009 "буҷаи рушд"-и иқтисод унвон шуда буд

Буҷаи тасвибкардаи порлумони кишвар барои соли 2009 "буҷаи рушд"-и иқтисод унвон шуда буд

Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард, ки бар асоси барномаи зиддибӯҳрониаш, ки тоза таҳия шудааст, буҷаи соли 2009 дар ин кишвар ба буҷаи муқобала бо бӯҳрони молиявӣ тағйир дода мешавад. Сафаралӣ Наҷмидинов, вазири молияи Тоҷикистон гуфт, Вазорати молия бо назардошти таъсири бӯҳрони ҷаҳонӣ ба иқтисоди кишвар ба тағйири буҷаи соли 2009 иқдом кардааст.

Ба қавли ӯ, Вазорати молияи кишвар пешбинӣ кардааст, ки касри буҷаи тасдиқшудаи соли равон дар сурати шиддат ёфтани бӯҳрони молиявӣ ба 900 миллион сомонӣ, ё 20 дарсад баробар мешавад. Аммо мегӯяд, оқои Наҷмидинов, агар вазъи иқтисоди Тоҷикистон ҳамин гуна мӯътадил давом кунад, касри буҷа то 5 дарсад мерасад, яъне камбуди буҷа 550 миллион сомониро ташкил хоҳад дод.

Оқои Наҷмидинов меафзояд, вазъи душвори иқтисоди кишвар Вазорати молияро водор кардааст, ки лоиҳаи қонуни буҷаи соли 2009-ро аз нав тартиб дода, хароҷотҳои давлатиро то 40 дарсад коҳиш диҳад. Вазири молияи Тоҷикистон афзуд, бар асари бӯҳрони молиявӣ моҳҳои ахир мизони даромад ба буҷа то 25 дарсад кам шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар моҳи январ бо сабаби коҳиши нархи ашёи содиротии ин кишвар (алюмину пахта) дар бозори ҷаҳонӣ даромади буҷа танҳо 80 дарсад иҷро шудааст. Вай таъкид кард, ки таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар авохири соли 2008 мушоҳида шуда, дар имсол ҷиддитар шудааст. Аз ҷумла, қурби сомонӣ, пули миллии Тоҷикистон дар ибтидои соли равон 13 дарсад поин рафта, дар баробари он интиқоли маблағҳои муҳоҷирон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 25 дарсад коҳиш ёфтааст.

Вазорати молия пешбинӣ кардааст, ки имсол, мизони рушди иқтисоди Тоҷикистон то 4 дарсад коҳиш хоҳад ёфт ва ҳаҷми содирот низ, ки тақрибан 60 дарсади воридоти буҷаро ташкил медод, ба таври назаррас кам мешавад. Ва ба буҷа маблағҳо 25 дарсад камтар аз он, ки қаблан пешбинӣ шуда буд, ворид хоҳанд шуд. Сафаралӣ Наҷмидинов гуфт, ба далели коҳиш ёфтани оидоти буҷа Вазорати молия тасмим гирифтааст, ба ҷуз сохтмони неругоҳи Роғун аз маблағгузории кулли лоиҳаҳои муҳими давлатӣ, ки ҳанӯз сохтмони онҳо оғоз нашудаанд, муваққатан худдорӣ кунад.

Аммо, вай гуфт, бар ассоси нақша Тоҷикистон аз баргардонидани қарзи давлатӣ худдорӣ нахоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, Вазорати молия тасмим дорад, имсол 53 миллион доллар қарзи берунаро баргардонад.

Ба ҳамин тартиб, Вазорати молия пешбинӣ мекунад, ки бахши даромади буҷаи Тоҷикистон аз 4 миллиарду 663 миллион сомонӣ ба 3 миллиарду 733 миллион сомонӣ кам мешавад, ва хароҷоти буҷа низ аз 4 миллиарду 766 миллион сомонӣ ба 4 миллиарду 266 миллион сомонӣ коҳиш хоҳанд ёфт.

Сафаралӣ Наҷмидинов мегӯяд, бо вуҷуди ин ки хароҷотҳои давлатро 40 дарсад кам мекунанд, аммо буҷаи Тоҷикистон бо ин вуҷуд, ки касри он ҳадди акал 550 миллион сомониро ташкил медиҳад, ҳам соли равон боз ба 268 миллион доллар ниёз хоҳад дошт. Ӯ мегуяд, Вазорати молия барои ҳамин ҳам аз кишварҳои кӯмаккунанда дархост кардааст, ки барои пуштибонӣ аз буҷа, ба ин кишвар кӯмак кунанд. Ин дар ҳолест, ки созмонҳои байналмилалии молӣ, дар соли равон кӯмакҳои худ ба иқтисоди Тоҷикистонро афзоиш додаанд. Масалан, Сандуқи байналмилалии пул тасмим гирифтааст, кӯмакҳои худ ба Тоҷикистонро аз 51 милллион доллар, ки қаблан ваъда шуда буд, то ба 70 милллион доллар афзоиш бидиҳад.

Оқои Наҷмидиннов гуфт, дар барномаи зиддибӯҳронии Вазорати молия барои кӯмак ба аҳолии камбизоати кишвар дар шароити бӯҳронӣ 10 миллион сомонӣ маблағ ихтисос медиҳад, ки он тавассути Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон расонида мешавад. Ин дар ҳолест, ки ин маблағ ба қавли коршиносон ночиз будааст. Аммо вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, ки ин маблағ нисбат ба соли гузашта 10 бамаротиб бештар будааст. Ба гуфтаи оқои Наҷмидинов, Вазорати молия ҳамчунин 10 миллион сомонӣ барои кумак ба бахши соҳибкории хурду миёна ихтисос додааст.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегуянд, барномаи зиддибӯҳронии Вазорати молия чандон муассир нест. Ба қавли коршиносон, таъсири бӯҳрони молиявӣ аз он, ки Вазорати молия пешбинӣ кардааст, бештар аст ва касри буҷа бояд на то 5 дарсад ё 20 дарсад, балки бояд 50 дарсад пешбинӣ мешуд.

Одил Давлатшоев, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, Вазорати молия таъсири бӯҳронро бояд то ҳадди аксар ба назар мегирифт ва барномаи зиддибӯҳрониашро мутобиқ ба камбуди бештари буҷа тартиб медод, то аз таъсири шадиди бӯҳрони молиявӣ бештар ҷилавгирӣ мекард. Ба қавли оқои Давлатшоев, аз сӯи дигар, бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ бештар ба қишрҳои камбизоати аҳолӣ таъсир мекунад, вале барномаи зиддибӯҳронии Вазорати молия барои кӯмак ба мардуми ниёзманд, ниҳоят маблағи кам ихтисос додааст.

Вазорати молия мегӯяд, ояндаи наздик тарҳи нави қонуни буҷаро ба ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон пешниҳод хоҳад кард. Ин тарҳ баъд аз қабул, аз сӯи парлумон мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт.

Барномаи зиддибӯҳронии Вазорати молия дар ҳоле эълом шуд, ки коршиносони СММ зимни як нишаст гуфтанд, бар асари бӯҳрони ҷаҳонии молӣ садҳо ҳазор нафар аз ҷамъияти Тоҷикистон бо хатари камбуди шадиди маводи ғизоӣ рӯбарӯ шудаанд. Бен Слей, коршиноси СММ дар умури тавсеъаи иҷтимоъӣ, гуфтааст, дар пайи бӯҳрони молиявӣ дастрасии ҳудуди 1,5 миллион нафар аз ҷамъияти Тоҷикистон ба маводи ғизоӣ душвор шуда ва беш аз 650 ҳазор нафар ба кӯмакҳои сареъи ғизоӣ ниёз доранд.
XS
SM
MD
LG