Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Амрико ба кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон


Дар назди кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон як маркази муосири таҳлилӣ ифтитоҳ шуд. Таъмини молии ин барномаро давлати Амрико бар ӯҳда дошта, ба хотири таъсиси ин марказ 710 000 доллар ҷудо кардааст. Маркази таҳлилӣ иборат аз 4 озмоишгоҳи муҷаҳҳаз бо 50 компютер ва соъир таҷҳизоти лозим барои ҷамъоварӣ ва таҳлил буда, ба ҳайси синфхонаи академияи кумитаи амният ва ҳамчунин барои баргузории нишастҳову чорабиниҳои дигар низ метавонад истифода шавад. Сафорати Амрико дар Душанбе мегӯяд, Амрико аз соли 1992, дар чаҳорчӯби барномаи ҳамкорӣ бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, ба ин кишвар ба хотири таъмини амнияти марзҳо, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва чолишҳои дигари беруна беш аз 28 миллион доллар кӯмак расондааст.
XS
SM
MD
LG