Пайвандҳои дастрасӣ

"Сафина" дар бораи Имоми Аъзам филм мебардорад


Шабакаи телевизионии “Сафина” ба зудӣ ба наворбардории филми ҳунарие оғоз мекунад, ки ба асосгузори мазҳаби ҳанафии дини Ислом Абӯ Ҳанифа, маъруф ба Имоми Аъзам, бахшида шудааст. Раҳбари телевизиони “Сафина” Муҳаммадсаид Пиров гуфт, соли 2009 дар Тоҷикистон соли Имоми Аъзам эълон шудааст ва “Сафина” мехоҳад бо ин филми ҳунарӣ аз зиндагии имом дар ин маърака саҳм гузорад. Оқои Пиров афзуд, телевизиони “Сафина” тайи 3 моҳи аввали соли ҷорӣ наворбардории ду филми ҳунарӣ - “Пуштаи хандақпеч”-и Саид Қодирӣ ва “Чӯҷаҳо”-и Юнус Юсуфовро анҷом дода, дар ин муддат филми ҳунарӣ ва 12 филми мустанадро ба забони тоҷикӣ баргардон кардааст.
XS
SM
MD
LG