Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кинотеатри "Ватан" ба ихтиёри ТВ "Сафина" гузашт


Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон кинотеатри “Ватан” дар шаҳри Душанберо барои 12 сол дар ихтиёри шабакаи телевизионии “Сафина” гузошт. Муҳаммадсаид Пиров, раиси “Сафина” гуфт, ин бино баъд аз тармим дар Наврӯзи соли оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Оқои Пиров гуфт, кинотеатри “Ватан” ҳам барои намоиши филмҳо ва ҳам барои баргузории шабҳои эҷодӣ истифода хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG