Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи тазоҳурот дар пойтахти Тайланд


Бархе аз хиёбонҳои Бангкок ба майдони набард табдил шудаанд. Ба иттилои хабаргузориҳо, артиши Тайланд барои хатми тазоҳуроти мухолифин талош дорад.

Ба гуфтаи шоҳидон, сарбозон на фақат ба ҳаво, балки сӯи тазоҳуркунандагон ҳам оташ кушодаанд. Субҳи дирӯз баъд аз бархурди низомиён бо тазоҳуркунандагон дасти кам 70 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористонҳо интиқол ёфтанд. Гуфта мешавад, артиш баъди он аз силоҳ кор гирифт, ки эътирозгарон сӯи онҳо санг ва шиша бо маводи сӯхт ё “коктейли Молотов” андохтанд.

Низомиёни кишвар имрӯз ваъда доданд, ки тартибу низом дар пойтахтро барқарор хоҳанд кард. Фармондеҳи артиш генерал Сонгкитӣ Ҷагабатара дар як изҳорот аз тариқи телевизион эълон кард, ки сарбозон “барои хатми бенизомӣ аз ҳама чораҳои зарурӣ кор хоҳанд гирифт”. Ҳамзамон ӯ таъкид намуд, ки низомиён аз силоҳ фақат ба хотири дифоъ аз худ истифода мекунанд.

Тазоҳуроти “куртақирмизиҳо” ва ё ҷонибдорони сарвазири пешин Таксин Шиноватра дар пойтахти Тайланд чанд рӯз боз идома дорад. Эътирозгарон истеъфои сарвазир Абҳисит Вейҷаҷиваро талаб мекунанд, ки ба гуфтаи онҳо, чаҳор моҳ қабл ғайриқонунӣ сари қудрат омада буд. Худи сарвазир шаби гузашта зимни суханронӣ аз тариқи телевизион аз эътирозгарон даъват кард, ки аз идомаи тазоҳурот даст бардоранд ва ба манзилҳои худ баргарданд.

Ба гуфтаи ӯ, “ҳукумат нақшаи назорати шадид аз болои мавзеъҳои нооромро таҳия кардааст. Касоне, ки мехоҳад эътирози худро баён кунад, бояд ин корро сулҳҷӯёна ва бидуни силоҳ, тавре, ки Қонуни асосӣ муқарарр кардааст, анҷом диҳанд”.

Бо вуҷуди эълони вазъи изтирорӣ, ки дар як ҷо ҷамъ омадани беш аз панҷ нафарро мамнӯъ кардааст, дирӯз ҳам эътирозгарон ба хиёбонҳо рехта бисёр кӯчаҳои Бангкокро бастаанд. Як рӯз аз ин пеш бар асари ҳамлаи тазоҳургарон ба бинои вазорати умури дохила мақомот маҷбур шуданд, ки нишасти сарони мамолики узви АСЕАН - Иттиҳодияи кишварҳои Осиёи ҷанубу шарқиро мавқуф гузоранд. Шабакаҳои телевизионӣ наворҳоеро намоиш доданд, ки чӣ гуна сарони кишварҳо тавассути чархболҳо меҳмонхонаро тарк мегуфтанд. Дар намоишҳои эътирозии рӯзи шанбе тақрибан сад ҳазор аз ҷонибдорони Таксин Шиноватра ширкат доштанд.

Дар ҳамин ҳол имрӯз мақомоти Фаронса, Бритониё, Австралия, ИМА ва чанд кишвари дигар аз шаҳрвандони худ хостанд, ки дар ин рӯзҳои ҳассос аз сафар ба Тайланд худдорӣ кунанд. Ин даъватҳо боиси нигаронии мақомоти Тайланд гардид, зеро даромади аслии кишвар аз ҳисоби фароғати сайёҳони хориҷист. Ҳукумат шаҳрвандони худ ва хориҷиёнро мутмаин месозад, ки вазъ таҳти назорат қарор дорад.

Намояндаи ҳукумат Панитан Ваттанаягон имрӯз дар як баёнияи телевизионӣ гуфт, “мо мехоҳем шумо, шаҳрвандони Тайланд ва дигар кишварҳоро мутмаин созем, ки ҷорӣ шудани вазъи изтирорӣ ба хотири дифоъ аз шумост. Соатҳои наздик барои ҳимояи бандарҳо, фурудгоҳҳо ва дигар сохторҳои бузург ва ба хотири таъмини амнияти шумо аз бархе чораҳо кор гирифта хоҳад шуд”.

Абҳисит Вейҷаҷива моҳи декабри соли гузашта баъди он ба мақоми сарвазири Тайланд расид, ки додгоҳи олӣ дар пояи иттилоъ оид ба қонуншиканиҳо дар интихоботи порлумонӣ дар бораи пароканда кардани ҳукумати сарвазир Таксин Шиноватра ҳукм содир карда буд. Таксин Шиноватра, ки айни ҳол дар хориҷи кишвар ба сар мебарад, тавассути телефон аз ҷонибдоронаш даъват кард, ки рӯзи якшанбе инқилоб кунанд. Ва аммо, ба назар мерасад, ки инқилоб ба таъхир уфтодааст, зеро аз рӯзи душанбе таҷлил аз Соли нав бо тақвими тайландӣ шурӯъ шуд, ки се рӯз идома хоҳад кард. Тибқи хабарҳо, теъдоди бузурги сокинони Бангкок ба хотири таҷлили ин ид аллакай пойтахтро тарк карда ба музофотҳо рафтаанд.
XS
SM
MD
LG