Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ партоби мушаки Кореяи Шимолиро маҳкум кард


Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бо ҳамовозии тамом партоби мушаки дурпарвози Кореяи Шимолиро маҳкум кард ва ин амалро хилофи таҳрими Созмони Милал номид. Кореяи Шимолӣ рӯзи 5-уми апрел бо баҳонаи ба мадори замин баровардани моҳвораи мухобиротӣ мушаки нави худро озмоиш дод. Шӯрои амният ҳама гуна озмунҳои мушакиро барои Кореяи Шимолӣ бори дигар мамнӯъ эълон кард ва ҳамчунин хостори ташдиди таҳримҳои зидди Пхенян шуд. Иёлоти Муттаҳида ва Ҷопон хостори изҳороти шадидлаҳн буданд, аммо Чин ва Русия ба хотири ояндаи гуфтушунидҳои шашгона онҳоро ба хештандорӣ даъват карданд.
XS
SM
MD
LG