Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви маҳдудияти сафари амрикоиҳо ба Куба


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, маҳдудияти деринаи сафари амрикоиҳо ба Кубаро лағв кард. Кохи Сафед мегӯяд, ҳадафи ин талош боз кардани муошират бо мардуми Куба аст. Сиёсати нав инчунин ба амрикоиҳои кубоиасл иҷоза медиҳад, ба наздикони худ дар Куба пул фиристанд. Ин ҳам дар 50 соли ҳокимияти коммунистҳо дар Куба манъ буд. Намояндаи Кохи Сафед мегӯяд, Обама умедвор аст, ки дигаргуниҳо ба мардуми Куба имкон медиҳанд, ба ҳукумат пойбандии камтар дошта бошанд ва озодиҳои демократиро талаб кунанд. Наздик ба 1,5 миллион амрикоиҳо дар Куба хешу ақрабо доранд.
XS
SM
MD
LG