Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истиқболи Эрон аз гуфтушунид бо шашгона


Музокиракунандаи аршади Эрон дар гуфтушунидҳои ҳастаӣ, Сайид Ҷалилӣ, тибқи хабарҳо, ба масъули сиёсатҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо, Ҳавиер Солана, гуфтааст, Эрон аз "ҳамкории созанда" дар мулоқот бо шашгонаи байнулмилалӣ барои ҳалли баҳси ҳастаӣ истиқбол мекунад. Расонаҳои давлатии Эрон мегӯянд, ин изҳороти Ҷалилӣ дар сӯҳбати телефонии ӯ бо Солана садо додааст. Иёлоти Муттаҳида ҳафтаи гузашта гуфт, ба гуфтугӯҳои мустақими Британия, Фаронса, Чин, Русия ва Олмон бо Эрон шарик мешавад. Қарор аст, ин мулоқот дар баҳси ҳастаӣ бо Эрон пешрафти муҳиме ба вуҷуд орад.
XS
SM
MD
LG