Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи тазоҳуроти мухолифон дар Тифлис


Ҳазорон нафар рӯзи панҷум аст, дар Тифлис, пойтахти Гурҷистон бо талаби истеъфои президенти Михаил Саакашвилӣ тазоҳурот доранд. Ба хабарҳои матбуот шумораи тазоҳуркунандагон дар назди бинои порлумони Гурҷистон 20 ҳазор нафар ҳадс зада мешавад. Намоишҳои эътирозии мухолифон рӯзи панҷшанбе, замоне шурӯъ шуданд, ки 60 ҳазор нафар дар Тифлис раҳпаймоӣ карданд. Сарони оппозисюн мегӯянд, тазоҳуроти бидуни танаффус то замоне идома хоҳад кард, ки Саакашвилӣ аз мақоми президенти кишвар истеъфо диҳад.
XS
SM
MD
LG