Пайвандҳои дастрасӣ

Ваъдаи Русия ба ҳалли баҳси об дар Осиёи Марказӣ


Вазири корҳои хориҷии Русия гуфтааст, кишвараш ба ҳалли баҳсҳои марбут ба об дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард. Сергей Лавров дар ҳошияи мулоқоти вазирони умури берунаи кишварҳои ҳамсуд дар Ишқобдод, пойтхати Туркманистон, гуфт, Маскав дар таҳияи Барномаи рушди манобеи обу барқи Осиёи Марказӣ ширкат дорад ва ин тарҳ қарор аст дар созмони ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиё омода шавад. Изҳороти Лавров дар ҳоле садо медиҳад, ки баёнияи қаблии президенти Русия, Дмитрий Медведев аввали имсол дар Тошканд сабаби сардӣ байни Душанбе ва Маскав шуда буд. Медведев гуфт, ҳеҷ барномаи бузурги обу энержӣ набояд бо ризоияти ҳамсоягон амалӣ гардад. Дар ҳоле ки ин изҳорот ба нерӯгоҳи Роғуни Тоҷикистон нигаронида шуда буд, Маскав тасмим гирифт, бунёди ҳамин гуна иншоотро дар Қирғизистон сармоягузорӣ кунад.
XS
SM
MD
LG