Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти додситонҳои Созмони Шонгҳой дар Маскав


Додситонҳои кулли кишварҳои узв дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар ҷаласае дар Маскав муборизаи муштарак бо қочоқи инсон ва маводи мухаддирро аз марзи ин давлатҳо баррасӣ карданд. Гуфта шуд, ки ҷинояткорон аз одамфурӯшӣ дар кишварҳои узв солона 12 миллиард доллар суд мегиранд. Дар масъалаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов пешниҳод кард, ки муҷозоти қочоқи ин мавод дар кишварҳои узв шадидтар ва ҳамкории кишварҳо қавитар шавад.
XS
SM
MD
LG