Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 6 сарбози тоҷик дар се моҳи аввали сол


Дар Тоҷикистон дар се моҳи аввали сол 6 ҳодисаи ҳалокати сарбозон ба қайд гирифта шудааст. Сардодситони ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Юсуф Раҳмонов ба хабарнигорон гуфтааст, аз инҳо 1 сарбоз худкушӣ кардааст. Вай афзуд, дар ҳамин давраи соли гузашта 11 ҳодисаи ҳалокати сарбозон дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон сабт гашта буд.
XS
SM
MD
LG