Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифини Гурҷистон тазоҳуротро идома медиҳанд


Мухолифини ҳукумати Гурҷистон имрӯз дар канори бинои парлумон ҷамъ омада намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Михаил Саакашвилиро аз сар гирифтанд. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, раҳбарони мухолифин мехоҳанд сӯи қароргоҳи раисиҷумҳур раҳпаймоӣ карда намоиши эътирозии бидуни мӯҳлати худро дар он ҷо идома диҳанд.
Ёдовар мешавем, намоишҳои эътирозӣ чаҳор рӯз пеш, дар 20 умин солгард аз саркӯбшавии тазоҳурот дар Тифлис аз сӯи артиши шӯравӣ шурӯъ шуданд. Аҳзоби мухолифи Гурҷистон раисиҷумҳурро дар истибдоду худхоҳӣ айбдор мекунанд. Онҳо ҳамчунин иддао доранд, ки Саакашвилӣ моҳи августи соли гузашта Гурҷистонро вориди даргирӣ бо Русия кард ва баъд аз он кишвар дар бӯҳрони амиқ қарор гирифт.
Раисиҷумҳури Гурҷистон мухолифинро ба гуфтушунид даъват мекунад ва аммо талаби онҳо барои истеъфоро қабул надорад. Охири ҳафтаи гузашта Михаил Саакашвилӣ эълом дошт, ки то хатми мӯҳлати раёсаташ дар соли 2013 мақомашро тарк нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG