Пайвандҳои дастрасӣ

Муовини вазири дифоъи Қазоқистон боздошт шуд


Муовини вазири дифоъи Қазоқистон Ҳоҷимурод Майерманов бо иттиҳоми сӯиистифода аз мақом боздошт шуд. Ба иттилоъи Кенҷапулод Бекназаров, намояндаи Кумитаи амнияти миллии кишвар, ҷурми муовини вазир ҳангоми тафтиши силсилаи созишҳо бо ширкатҳои исроилӣ оид ба воридоти таҷҳизоти силоҳсозӣ ба Қазоқистон ошкор гардид. Ба гуфтаи Бекназаров, бар асари тақаллуби аснод ба кишвар ба маблағи беш аз 82 миллион доллар хисорот ворид шудааст.
XS
SM
MD
LG