Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдори Душанбе соҳибмулкони "Зарнисор"-ро пазируфт


Рӯзи 10-уми апрел раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар робита ба иҷрои Ҳалномаи аз 17 марти соли 2009 қабул намудаи Суди Олии Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қазияи байни прокуратураи шаҳри Душанбе дар ҳайси иҷоркунандаи вазифаи прокурори шаҳри Душанбе ва ҶДММ «Зарнисор-Т» соҳибмулкони ҷамъияти мазкурро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид кард, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри таъмини волоияти қонун дар пойтахт, ки бояд меъёри зиндагии ҳар як шахси ҳуқуқию воқеии шаҳри Душанбе бошад, то ба имрўз фаъолияташро ба роҳ монда аст, дар ҳалли қазияи мазкур аз ҳалномаи судӣ пазироӣ менамояд. Ҳамзамон афзуд, ки ҶДММ «Зарнисор-Т» тибқи муқаррароти ҳалномаи Суди Олии Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бартарафсозии бозори ѓайриқонунии «Зарнисор»-ро аз ҳисоби худ таъмин сохта, дар сурати мавҷуд будани имкониятҳои молиявиаш ҷиҳати дар асоси талаботи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар заминаи ҳудуди қитъаи замини бозори ѓайриқонунӣ метавонад бо муроҷиати расмӣ унвонии шаҳрдорӣ бунёди иншооти пешбинигардидаро амалӣ созад. Инчунин муқаррар сохт, ки маҳз ба хотири дастгирии соҳибкории ватанӣ дар асоси мувофиқатии иншооти сеошёнаи бозори мазкур ба талаботи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва мавҷуд будани хулосаҳои мусбии институтҳои дахлдори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи нигаҳдошт ва ҳамчун маркази хизматрасониҳои маишӣ мавриди истифода қарор додани он тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда баррасӣ карда шавад.
XS
SM
MD
LG